Ҷузъиёти куштори ду донишҷӯ дар Кӯлоб
Пулиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо иттиҳоми куштори ду донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб як нафарро боздошт кардааст.
Як манбаи “Озодагон” аз Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб имрӯз, 22 ноябр ба “Озодагон” гуфт, бо гумони даст доштан дар ин куштор Амирхон Ҳотамов, донишҷӯи соли панҷуми факултаи таърих ва ҳуқуқ дастгир шудааст.
Номбурда мегӯяд, тибқи як фарзия Ҳотамов шоми гузашта, Наврӯзшоҳи Саидаҳмад ва Ҳакимҷони Маҳмадалӣ, донишҷуёни соли сеюми факултаи омодагии дифоъро ба манзиле, ки зиндагӣ мекунад, даъват кардааст. “Баъди тановули ғизо Наврӯзшоҳ ва Ҳакимҷон мегӯянд, бояд ба утоқи иҷораи худ баргарданд, аммо Амирхон исрор мекунад, шабро инҷо рӯз кунанд. Вақте донишҷӯён розӣ нашуда, берун мешаванд, дар саҳни хона миёнашон муноқиша сар мезанад. Ҳакимҷон бо санг ба сари Амирхон мезанад ва ӯ аз дохили хона кордеро оварда, онҳоро ба қатл мерасонад”.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло тафтишоти ин қазия идома дорад.