Пешниҳоди вакил: Вақти гирифтани паспорт қасам ёд шавад
Дар Русия мехоҳанд раванди одии додани шиноснома ба шаҳрвандонро бо маросими ботантана ва ёд кардани қасам табдил диҳанд. Ташаббускорони ин тасмим дар Думаи давлатӣ гуфтаанд, ин амал ба хотири тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон роҳандозӣ мегардад.
Рӯзномаи “Известия” менависад, муаллифи ин тағйирот дар қонун “Дар бораи шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Русия” Вадим Соловев, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохти давлатдории Думаи давлатӣ ва аъзои Ҳизби комунист мебошад. Аммо ба иттилои манбаъ, ин ташаббус нахуст дар сатҳи минтақа ба миён омада буд. Сергей Морозов, губернатори вилояти Улянов пешниҳод кард, наврасони 14-сола ба хотири “дар онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ” савганди шаҳрванди Русияро ёд кунанд. 9 майи соли равон бештари хонандаҳо бо хоҳиши худ савганд ёд карданд.
Нашрия менависад, дар бархе кишварҳои ҷаҳон, монанди ИМА, Канада, Австралия ва Испания раванди ҳатмии ёд кардани савганди садоқат ба Ватан мавҷуд аст, “аммо онҳо ҳангоми гирифтани шаҳрвандӣ қасам мехуранд, на аснои дарёфт кардани шиноснома”.