Абдулқодирзода кӯмак ба гадоёни “касбӣ”-ро ҳаром хонд
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз касб шудани гадоӣ дар кишвар шадидан ибрози нигаронӣ карда, онро аз нигоҳи шариати Ислом ҳаром хонд.
Абдулқодирзода рӯзи 21 ноябр зимни ироаи хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, бо кумаки молӣ кардан ба афроде, ки гадоиро касб кардаанд, шахс на танҳо савоб намегирад, балки ҳатто гунаҳкор низ мешавад. “Бисёре аз олимон додани пул ба ин гуна ашхосро ҳаром гуфтаанд, чун онҳо тамаъҷӯию гадоиро барои худ касб ё ҳунар қарор дода, роҳи ҳаромро барои гузаронидани зиндагӣ интихоб кардаанд, албатта дар ин бора афроди воқеан нодору маъюб истисноанд. Гадоӣ танҳо замоне дуруст аст, ки шасх бо моли талбидааш, худро аз марг наҷот диҳад”, - афзуд ӯ.
Раиси Шӯрои уламо инчунин аз ҷалби кӯдакон барои гадоӣ дар Тоҷикистон ибрози ташвиш карда, аз сокинони кишвар хост, барои онҳо кӯмаки молӣ накунанд. Ӯ гуфт, “вақте ба ин кӯдакон пул дода мешавад ва онҳо дар як рӯз 20-30 сомонӣ ҷамъ мекунанд, одат мекунанд, гадоиро ба худ касб мекунанд ва фикр мекунанд, мешудааст. Сару либоси жанда мепӯшаду дасту пои худро маъюб нишон медиҳад. Вақте соати корияш тамом шуд, мебинӣ аз аробачаи маъюбӣ хеста меравад”.
Абдулқодирзода дар идома аз як гуруҳи донишмандони исломӣ низ ёдовар шуда гуфт, ҳастанд олимону воизоне, ки мухотабони онҳо дохили ҷаннат мешаванд ва худи онҳо бошад, сӯи ҷаҳаннам: “Мавъизагаре аст, ки садҳо одам аз суханҳои ӯ ҳидоят ёфтаанду мераванд ҷаннат, аммо ӯ меравад, ҷаҳаннам. Чун олим мегуфту амал намекард. Оне ки намедонад, ҳадди ақал баҳона меорад, ки намедонист ва ҳоло оне ки медонисту намекард, чӣ мегӯяд?!”
Ин ташвиш ва даъвати раиси Шӯрои уламо дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар низ дар як суҳбати худ ба ин масъала дахл карда, аз гадоии кӯдакон дар кишвар ибрози нигаронӣ кард. Раиси Ҳизби исломии кишвар ҳатто гуфт, ҷонибдори дар ба дар гаштани кӯдакони тоҷик дар рӯзҳои Иди Фитр Қурбон низ нест, чун ба гуфтаи ӯ, хӯи гадоиро метавонад дар онҳо ба вуҷуд орад.