Даъвои дигарбораи сарбози маъюб аз генерал Раҷабалӣ ба додгоҳ
Аризаи даъвогии пайвандони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда ва маъюби тоҷик, барои талаби ҷуброн аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дигарбора ба додгоҳ ирсол шуд.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо, рӯзи 21 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо аризаи даъвогии худро баъд аз такмил дубора ба Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе ирсол кардаанд. Хонаводаи Мирзоевҳо дар ин аризаи худ, ки барои бори сеюм аст, ба додгоҳ меравад, аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ 97 ҳазор ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб доранд. Ин талаби ҷуброн аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳолест, ки раҳбари ин ниҳод генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни аёдати Шаҳбол дар беморхона ва низ тариқи нома пардохт шудани хазинаи табобати ӯро аз сӯи давлат ваъда дода буд. Аммо хонаводаи Мирзоевҳо мегӯянд, генерали тоҷик ба гуфтаҳои худ вафо накардааст.
Вакили мудофеи ин хонаводаи тоҷик бар ин аст, ки маҳз бояд ҷубронро Сарраёсат пардохт кунанд, ҷуброн фарзанди зерҳимояи ӯ аз сӯи хидматчии ин ниҳод латту кӯб гардидааст. Аммо Ҷӯраев аз он нигаронӣ дорад, ки ин аризаи онҳо барои руёнидани ҷубронпулӣ аз сарраёсат бори сеюм аст, бо ҳар баҳона қабул намешавад.
Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст.”