Талаби дигарбораи ҳукми эъдоми Мурсӣ дар Миср
Додситонии олии Миср ҳукми эъдоми Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини ин кишварро, ки дар пайи як кудетои низомӣ бо раҳбарии Абдулфаттоҳ Сисӣ барканор шуд, аз додрас талаб кардааст.
Аммод Ашшровӣ, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рӯзи 20 ноябр Муҳамад Мурсӣ ва 35 узви Ҳаракати “Бародарони мусулмон” (Ихвонулмуслимин)-ро дар ҳамкорӣ бо созмон ва ҳаракатҳои хориҷӣ айбдор карда, аз додраси парванда хостааст, онҳоро маҳкум ба эъдом кунад.
Ашшровӣ мегӯяд, гӯиё Мурсӣ бо раҳбарони “Бародарони мусулмон” чанд тан аз аъзои ин ҳаракатро барои тамрини низомӣ дидан соли 2012 аз роҳи пиҳонӣ ба навори Ғаззаи Фаластин фиристодааст ва дар ин бора санади баимзошуда миёни онҳо ва Ҳаракати Ҳамос низ ҳаст. Ба қавли додситонӣ, гӯиё Мурсӣ ин афродро барои халалдор кардани амну суботи Миср дар сурати мағлуб шуданаш дар интихобот омода кардааст. Қаблан низ айбдоркунандаи давлатӣ дар баррасии парвандаи ҷиноии дигари Муҳаммад Мурсӣ ҳукми эъдоми ӯро хоста буд.
Додгоҳи олии Миср мурофиаи навбатиро, ки дар он вакилони мудофеи Мурсӣ сухани худро мегӯянд, ба 26 ноябри соли равон ба таъхир гузоштааст.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаст, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шуд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканории Мурсӣ, ӯро боздошт ва алайҳаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ карданд.