Вазири дифои Тоҷикистон Чинро шарики қобили эътимод хондааст
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон Чинро шарики қобили эътимоди кишвар номидааст.
Ӯ ин нуктаро зимни мулоқот бо Чан Вантсюан, ҳамтои чинияш дар Пекин изҳор доштааст. Хабаргузории “Синхуа”- менависад, Шералӣ Мирзо дар ин дидор гуфтааст, Тоҷикистон қасд дорад, ҳамкорӣ бо Хитойро дар бахшҳои мухталиф ба роҳ монда, “ҳамроҳ бо ин кишвар ба чолиш ва хатарҳои амнияти минтақаӣ вокуниш нишон бидиҳад”.
Вантсюан низ дар навбати худ аз сатҳи ҳамкориҳои муфиди артиши Тоҷикистону Чин дар масоили табодули сафарҳо, машқҳои муштарак ва омодасозии кадрҳо истиқбол кардааст, хабар додааст манбаъ.