ВКД: Ҳамлагар ба нуқтаи асъор маст ва қарздор будааст
Шуҳрат Игамбердиев, сокини 37-солаи ноҳияи Шуғнон дар содир намудани ҳамла ба нуқтаи мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе иқрор шуда, изҳор доштааст, ки ба ин амал ба хотири халосӣ аз қарзҳояш даст задааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, Игамбердиев дар ҳолати мастӣ дастпоккунакҳоро ба лифофа андохта, ба Баллаев Саймуъмин, корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар кӯчаи Синои Душанбе гуфтааст, ки инҳо рубли русиянд ва мехоҳад онҳоро ба доллар иваз намояд: “Аммо вақте Баллаев 7 ҳазору 400 доллари амрикоиро ба мизоҷаш медиҳаду интизори гирифтани рублҳои русӣ мешавад, дар ин ҳолат Игамбердиев бо кордча ба дасту пояш зада, аз ҷои ҳодиса мегурезад.”
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи корҳои кофтукобӣ муттаҳам дар ин ҳодисаро боздошт намуда, далелҳои шайъӣ маблағ ва кордро аз ӯ мусодира намудаанд.
Қабблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки “шаби 15-уми ноябр, тахминан соати 21:10 дақиқа шахси номаълум бо корд вориди нуқтаи мубодилаи асъор шуда, 3 маротиба ба бадани корманди коргоҳи мазкур- Баллаев Саймуъмин, соли таваллудаш 1981 ва 1 маротиба ба бадани шаҳрванд Ҳайитов Алишер, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринав бо корд зада, аз он ҷо ҷамъ 7400 доллари ИМА маблағи пулиро тасурруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”
Феълан вазъи саломатии ҷабрдидаҳо хуб арзёбӣ мешавад.