Нақшаи даъват ба қувваҳои мусаллаҳ 100,71% иҷро шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хабар дод.
Аз дафтари матбуотии ин вазорат 21 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, нақшаи даъвати ҷавонон барзиёд иҷро шудааст: “Нақша 100,71 дар сад иҷро гардид”.
Ба қавли манбаъ, имсол аввалин шуда нақшаро вилояти Хатлон иҷро намуд. Баъдан вилояти мухтори куҳистони Бадахшону Суғд ва аз ҳама ахир шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи пойтахт аз иҷрои нақша паём додаанд.
Мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз 1 октябр оғоз гардида, то поёни моҳи ноябр идома меёбад.