Боздошти як ҷонибдори “Гуруҳи 24” дар Бишкек
Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони ифротгароӣ хабар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Амрохон Эргашев дар пайи як амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар яке аз хонаҳои кӯчаи Армавири шаҳри Бишкек дастгир шудааст. Сарчашмаи хабар мегӯяд, тафтишоти аввалия маълум сохт, Эргашев моҳи августи соли 2009 бо шиносномаи як хеши наздикаш марзи Қирғизистонро аз тариқи вилояти Боткент ғайриқонунӣ убур кардааст: “Ин шиносномаро соли 2007 Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе ба номи шаҳрванди дигар, ки соли таваллудаш 1980 аст, додааст”.
Манбаъ меафзояд, ба иттилои дарёфтӣ Амрохон Эргашев аз соли 2002 инҷониб аъзои фаъоли созмони экстремистии “Таблиғи ҷамоат” дар Тоҷикистон буда, “баъди мамнӯъ ва ифротӣ эълон шудани созмони мазкуру боздошти пайравони он ба Қирғизистон фирор мекунад”. Эргашев инчунин ҷонибдори созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон – “Гуруҳи 24” гуфта мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек ахиран амри аз қаламрави Қирғизистон ихроҷ кардани Амрохон Эргашевро содир кардааст.