АКС: Сайёра Сафарӣ зеботарин духтари тоҷики муқими Русия
Сайёра Сафарӣ ё Сафарова, ки ба ҳайси ҳунарпеша дар чанд филми русӣ нақш офаридааст, тибқи як назарсанҷии торнамои Golbis зеботарин тоҷики Русия шинохта шудааст.
Торнамои мазкур бо тартиб додани феҳрасти қавму миллатҳои ғайри рус, ки дар Русия ба сар мебаранд, зеботарин ҷинсҳои латифи намояндагони онҳоро низ муайян кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар Русия намояндаҳои 304 қавму миллат ба сар мебаранд ва торнамо рӯйхати 42 миллатро, ки дар ҳудуди Русия беш аз 100 ҳазор намояндааш зиндагӣ дорад, пешниҳод кардааст. Дар зинаи охир қирғизҳо бо 103,4 ҳазор нафар нишастаанд. Зеботарин бонуи қирғиз як модел аз Маскав бо номи Бегимой (Майя) Абибова гуфта шудааст. Дар зинаи аввал худи русҳо бо 111 миллион аҳолӣ нишастаанд. Зеботарин русдухтар Ирина Алфёрова, ҳунарпешаи театр ва кино будааст.
Тоҷикон дар ҷои 30-юманд. Манбаъ теъдоди тоҷиконро дар Русия 200,3 ҳазор гуфтааст. Зеботарин бону Сайёра Сафарӣ эътироф шудааст. Сайёра 21 марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар зодшгоҳаш хатм кардааст. Ӯ фориғутаҳсили донишгоҳи театрии ба номи Шепкини шаҳри Маскав мебошад. То имрӯз дар силсилафилмҳое назири “Десантура”, “Гулчатай”, “Салом, Маскав”, “1001” нақш офаридааст.