Раиси Бонки Миллӣ дар бораи ояндаи қурби доллар дар Тоҷикистон
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза барои устувор нигоҳ доштани қурби сомонӣ дар баробари доллар то 4 миллион доллари амрикоиро вориди бозори нақд мекунад.
Ширинов имрӯз, 20-уми ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” яке аз сабабҳои болоравии ахири қурби долларро дар кишвар пайомади таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия гуфт, ки аз шарикони асосии тиҷории мо мебошад.
Ширинов таъкид намуд, алайҳи афроде, ки бо сӯиистифода аз овозаю ҳангомаҳо мехоҳанд қурби долларро боло баранд, мубориза хоҳанд бурд.: “Ин масъаларо дар ҳузури намояндагони бонкҳои тиҷоратии кишвар баррасӣ намудем ва имрӯз низ як ҷаласа доир ба ҳамин мавзуъ дар назар аст.”
Ширинов дар мавриди дурнамои қурби доллар дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки “гарчанде пешгӯии он душвор аст, мо аз тамоми воситаҳо истифода мекунем, ки қурби як долларро ҳудуди 5,30-5,40 сомонӣ нигоҳ дорем”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран қурби як доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор аз ҳадди 5,5 сомонӣ ҳам гузашт, вале дар пайи дахолати Бонки Миллӣ то ба 5,4 сомонӣ фароварда шуд. Қаблан Бонки Миллӣ аз мардум даъват намуд, ки ба ҳангомаҳо дода нашаванд, чун он метавонад якбора боиси афзоиши қурби доллар шавад. Ин ниҳод таъкид намуд, ки ин ҷаҳишҳо хусусияти муваққатӣ доранд.