Мадина Давлатова дар мақоми сеюми озмуни “Зебосанами ҷаҳон”
Мадина Давлатова, як ҷавондухтари қазоқистонӣ дар озмуни “Зебосанами ҷаҳон-2014” дар мақоми сеюм қарор дорад.
Озмуни мазкур қарор аст 14 декабр дар Лондони Бритониёи Кабир ҷамъбаст шавад. Ҳоло раванди овоздиҳӣ тавассути интернет ҷараён дорад. Корбарон ба ҷонибдории довталабон раъйи мусбат ё манфӣ медиҳанд. Мадина Давлатова ҳарчанд овози зиёд надорад, аммо бо шарофати овозҳои ками манфӣ ҷои сеюмро аз худ кардааст. Аммо дар зинаи аввал намояндаи Муғулистон нишастааст. Батсэсэг Турбат то замони нашри ин хабар 45598 раъйи мусбат ва 1160 овози манфӣ дошт. Едина Кулксар (Edina Kulcsár) намояндаи Маҷористон, ки 7459 раъйи мусбат ва 12841 раъйи манфӣ дорад, ҷои дуюмро муаррифӣ мекунад. Намояндаи Қирғизистон - Айгул Аликҷонова мақоми чорумро муаррифӣ мекунад.
Имсол озмуни “Зебосанами ҷаҳон” барои бори 64-ум баргузор мешавад. Тоҷи ин мусобиқаро барандаи озмуни соли пеш - Меган Янги филиппинӣ бар сари ғолиби имсола мегузорад.