Боздошти сокини Маскав ба иттиҳоми кӯдакдуздӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини Маскав хабар доданд, ки дар кӯдакдуздӣ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ рӯзи 19-уми ноябр ба мақомоти пулис сокини 55-солаи ноҳияи Қумсангир муроҷиат намуда, арз доштааст, ки нисфи шаби 19-уми август набераи навзодаш аз дохили гаҳвора дуздида шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, ба иттиҳоми ин ҷиноят собиқ келини хонавода, сокини 30-солаи шаҳри Маскави Русия боздошт шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.