Фирори Назаров аз додгоҳ, баъди эълони истирдодаш ба Тоҷикистон
Мақомоти пулиси Санкт Петербург рӯзи дуюм аст, ки Қиёмиддин Назаров, муҳоҷири 21-солаи фирории тоҷикро пайдо карда наметавонанд.
Тибқи иттилои мақомоти Русия, Назаров баъди шунидани ҳукми додгоҳи ноҳияи Невски Санкт Петербург дар бораи ихроҷи маҷбурияш ба Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр аз тирезаи толори додгоҳ худро берун андохта, фирор намудааст. Ба иттилои мақомот додгоҳ қарор кард, Назаров, ки дар гузашта барои дуздӣ ва авбошӣ маҳкум шудааст, 5 ҳазор рубл ҷаримабандӣ ва маҷбуран ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Баъди эълони қарор Назаровро бояд ба боздоштгоҳи муваққатии нигоҳдории муҳоҷирон дар минтақаи Красное Село меоварданд, вале ӯ тавонист аз толори додгоҳ фирор кунад. Амалиёти кофтукоби Назаров дар Русия то ҳол натиҷае надодааст.