Сироҷиддин Аслов озими Покистон шуд
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ озими Покистон шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, сафари Аслов ба Покистон рӯзи 19 ноябр сурат гирифта, дар доираи он вохурии ӯ бо раҳбарият ва афроди расмии ин кишвар пешбинӣ шудааст.
Инчунин вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 19 ноябр бо Ишонқули Аманлиев, сафири Туркманистон дар Душанбе мулоқот карда, ҷонибҳо масоили мубрами марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ кардаанд.