Раҳбари ОБСЕ баъди вохурӣ бо Каримов ба зиёрати Раҳмон меояд
Диде Буркхалтер, раисҷумҳури Швейтсария ва раҳбари феълии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар доираи як сафари расмии худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон меояд.
Тавре расонаҳои хабарии Узбакистон иттилоъ додаанд, Буркхалтер 21 ноябр барои анҷоми як сафари корӣ вориди шаҳри Тошканд мешавад. Ба қавли манбаъ, раисҷумҳури Швейтсария дар доираи сафараш ба Узбакистон бо ҳамтои узбакаш – Ислом Каримов мулоқот хоҳад кард.
Интизор меравад, раисҷумҳури Швейтсария баъд аз анҷоми сафар ба Тошканд вориди шаҳри Душанбе шуда, сипас озими Бишкек, пойтахти Қирғизистон гардад. Диде Буркхалтер 19 ноябр аз Туркманистон боздид карда, ҳоло дар шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор дорад.