ВИДЕО: Раҳойии Фирӯза, “келин”-и мушовири Путин аз СИЗО ва тасмим барои "никоҳ"-и расмӣ
Фирӯза Савушкина, арӯси 31-солаи писари мушовири президенти Русия, ки бо иттиҳоми таҳдид ба куштори як ҳамватанаш боздошт шуда буд, 19 ноябр аз СИЗО озод шудааст. Фирӯза ва Юрий Глазев ба хабарнигорон гуфтаанд, ояндаи наздик ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рафта, никоҳ мекунанд.
Расонаҳои Русия мегӯянд, раҳойии Фирӯза дар пайи “оштӣ”-и тарафҳо сурат гирифтааст. Қазияи боздошти ин тоҷикдухтар аз ҷониби мақомот чандест яке аз мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои русист. Фирӯза, ки арӯси Юрий Глазев, писари 23-солаи Сергей Глазев, мушовири раиси ҷумҳури Русия гуфта мешавад, аз сӯи мақомоти ин кишвар бо иттиҳоми таҳдид ба куштан кардани Дилафрӯз Мирзоева, як тоҷикдухтари дигар боздошт шуд. Аснои дастгир шудан ӯ аз Юрий ҳомиладор будааст. Муноқишаи миёни Савушкина ва Мирзоева, парастори модаркалони Юрий Глазев моҳи сентябри соли равон сар задааст. Тибқи баёноти ҷабрдида гӯиё Фирӯза дар заминаи рашк ба ӯ бо корд ҳамла карда, таҳдиди куштан намудааст, вале Юрий Глазев тавониста, кордро аз дасташ бигирад. Юрий Глазев гуфтааст, он танҳо як таҳдид сари қаҳр буд ва набояд ҷиддӣ гирифта мешуд.
Ба иддаои ӯ, аризаи даъвогӣ алайҳи арӯсаш бо дахолати модараш навишта шудааст, ки бо ин роҳ мехоҳанд аз издивоҷи ӯ бо Фирӯза ҷилавгирӣ кунад. “Ин сохтакорӣ ҳаст. Бо модарам муносибати хуб надошт. Иттиҳоми нахустин алайҳи Фирӯза ин буд, ки муддати будубоши худро дар Русия тамдид накардааст. Аммо баъдан ӯро бо ҷурми ҷиноӣ муттаҳам карданд”.
Иттиҳоми писар дар ҳаққи волидайн дар ҳолест, ки дар интернет суҳбати телефонии Глазевҳо нашр шуд, ки дар он калонӣ ба хурдӣ маслиҳат медиҳад, ки ариза дар бораи раҳо кардани муттаҳам зимни тафтишот нависад: “Бо вакили дифоъ дар тамос шав. Ин ҷо раванди маъмулӣ аст. Дӯстдоштаи ту метавонад, ҳатто бо хатоиҳои имлои ариза навишта дархост, кунад, ки “чора нисбати ман зимни тафтишот бозбинӣ шавад. Ва санади дуюм нависад, ки барои тавофуқоти ҷонибҳо розиям.”
Дар ҳамин ҳол ишқи Юрийи 23-сола ва Фирӯзаи 32-сола ба гуфтаи онҳо як соли пеш, замоне, ки ин духтари тоҷик ба ҳайси хизматгор дар хонаводаи онҳо кор мекардааст, сар задааст. Аввал онҳо муҳаббати худро пинҳон доштаанд, вале баъди он, ки модари домодшаванда огоҳ шудааст, алайҳи ин ҷуфтшавии ин ду ҷавон муъхолифати қатъӣ баён кардааст.