Шӯъбаи ташкилоти байналхалқии Институти “Ҷамъияти кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни вижаеро барои хабарнигорон эълом доштааст.
Зимнан, дар чаҳорчӯбаи барномаи «Худидораи маҳаллӣ» барои журналистони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ барои иштирок дар омӯзиши дурӯзаи “Иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷет, шаффофияти буҷет” конкурси мазкур сурат мепазирад. Гуфтанист, ҳадафи гузаронидани ин озмун интихоби журналистони ҳавасманд барои иштирок дар омӯзиши дурӯза оид ба иттилоотонии журналистон дар бораи раванди таъмини шаффофият дар соҳаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, омӯзиши истифодаи усулҳои ҷалби шаҳрвандон дар ҷараёни буҷет ва таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ равона карда шудааст.
Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 20 сентябри соли 2011. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, маркази тиҷоратии «Vefa», ошёнаи 4, дафтари кории ИҶК БМ ва ё бо почтаи электронии e-mail: firuza@osi.tajik.net. Иттилои бештарро аз нишонии зер пайдо карда метавонед: кӯчаи Бохтар 37/1, тел: 227-55-58, 441-07-44; 441-07-46, (92) 761 25 25 ё ба воситаи почтаи электронии firuza@osi.tajik.net дастрас намоед.{jathumbnail off}