Маркази имкониятҳо ҷавононро омӯзиш медиҳад
Маросими супоридани сертификатҳо дар маркази имкониятҳои ҷавонони ноҳияи Данғара баргузор мегардад.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, зимнан 63 нафар хатмкунандагони давраи омӯзишӣ соҳиби санади махсус мегарданд. Инҳо афроде мебошанд, ки курсҳои омӯзиши компютер, забонҳои англисиву русиро фаро гирифтаанд, ба ҷузъ ин 83 нафари дигар курси кӯтоҳмуддати фаъолияти соҳибкориро хатм кардаанд.
Гуфта мешавад, ҳадафи татбиқи ин лоиҳа ҷиҳати «Фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои ҷавонони Тоҷикистон», ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ шудааст, мебошад.Ҳамзамон маҳсули меҳнати ҷавондухтарони курси дӯзандагии маркази мазкур, беш аз 100 дона болопӯши ҷойи хоб ва 60 дона курта ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Восеъ тақдим карда мешавад.