Додгоҳи олӣ ҳукми “Тоҳири рекет”-ро бетағйир гузошт
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон нисбат ба Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба “Тоҳир рекет”, “Тоҳир сиёҳ” ё “Тоҳири ланг”, раҳбари як гуруҳи силоҳбадасти солҳои ҷанги шаҳрвандиро бетағийр гузоштааст. Моҳи августи соли равон, додгоҳи вилояти Хатлон Тоҳир Тешаевро дар ҷиноятҳое ба монанди куштор, таҷовуз ба номус ва авбошӣ муҷрим шинохта, 18 сол равонаи зиндон кард.
Намоз Амонзода Шариф, додраси парвандаи пурсарусадои Тоҳир Тешаев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Тешаев баъди эълони ҳукм ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ бурд: “Аммо Суди олӣ ҳукмро бетағийр боқӣ монд”.
Тоҳир Тешаев 39 сол дошта, ӯро дар минтақаи Хатлон бештар бо лақабҳои “Тоҳир сиёҳ”, “Тоҳир рекет” ва “Тоҳири ланг” мешиносанд. Вай аз шарикони Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ мебошад, ки соли 1993 кушта шуд. Қаблан Додгоҳи вилояти Хатлон Фариддун Зокиров, Баҳодур Боев ва Маҳмад Низомовро дар ҳамдастӣ бо Тоҳир Тешаев ва дар ҷиноятҳои авбошӣ гунаҳкор дониста, Зокировву Боевро 12 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се сол шартан аз озодӣ маҳрум кард. Маҳмад Низомов бошад, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)