Нисфи шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба тарафдории ДИИШ меҷанганд, занон будаанд
Нуртан Абикаев, як намояндаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтааст, 300 шаҳрванди ин кишвар дар амалиётҳои ҷангии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ иштирок доранд. Ба гуфтаи ӯ, нисфи ин шумораро занон ташкил медиҳанд.
Ба иддаои Абикаев одамони махсусе ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил омада, ба “мағзшӯӣ”- и ҷавонон даст мезананд ва барои пайвастани онҳо ба сафи ДИИШ мусоидат мекунанд. “Ҳамчунин матлабҳои зиёде дар бораи ДИИШ дар интернет, ба ифротгароии ҷавонон мусоидат мекунад”,-гуфтааст ин намояндаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.
Ба иттилои ин кумита дар ҷангҳои ДИИШ шаҳрвандони 80 кишвар иштирок доранд.