Сафири Эрон: Сулҳи тоҷикон натиҷаи созиши Русия ва Эрон буд
Маҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Русия барқарорсозии сулҳ дар Тоҷикистонро намунаи олии ҳамкории Теҳрону Маскав дар ҳолатҳои буҳрону нооромиҳо хондааст.
Саноӣ, ки дар пасманзари сафари Сергей Наришкин, раҳбари парлумони Русия ба Теҳрон, ки 17-уми ноябр сурат гирифт, ба масъалаи инқилобу нооромиҳо дар кишварҳои гуногун дахл карда, дар ин робита ҳамкории Теҳрону Маскавро дар барқарорсозии сулҳи Тоҷикистон мисоли ибрат хондааст: “Мисоли сулҳи Тоҷикистон ба ҳама маълум аст, ки натиҷаи ҳамкории самарабахши Русия ва Эрон аст. Феълан Русия ва Эрон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бархурду мухолифате надоранд.”
Ба гуфтаи ин дипломати эронӣ Теҳрону Маскав ба ҳаводиси Шарқи Наздик низ аз як зовия нигоҳ мекунанд ва мухолифи бархӯрдҳои духӯра нисбати инқилобҳои ранга мебошанд: “Русия ва Эрон таҷрибаи бойи ҳамкорӣ дар ин минтақа, аз ҷумла Сурияро доранд. Ҳар ду кишвар бар онанд, ки нооромиҳо натиҷаи сиёсати духӯраи Ғарб дар Шарқи Наздик аст. Ғарб дар инқилобҳои Миср, Тунис ва Либия манфиатдор буд. Зери шиори ҳифзи ҳуқуқи инсон ИМА нуфузашро дар ҷаҳон густариш медиҳад ва ин ҳадафи асосист. Агар ҳуқуқи инсон аввалиндараҷа бошад, пас он бояд дар мисоли Сурия, Баҳрайн ва Яман низ авлавият пайдо кунад. Чаро аз одамкушӣ дар як кишвар бонги хатар мезананду кишвари дигарро нодида мегиранд?”
Сергей Наришкин низ зимни суҳбаташ дар Теҳрон изҳор доштааст, ки “мо зидди сиёсати бархе аз кишварҳои ғарбием, ки боиси нооромию буҳронҳо дар нуқоти гуногуни ҷаҳон мешаванд. Мо ҷонибдори риояи ҳуқуқи инсон ва мухолифи дахолати берунӣ ба корҳои дохилии кишварҳои мустақил мебошем.”