Нархи об дар Душанбе боз 20% қимат мешавад
Аз 1 январи соли 2015 нархи об ва системаи фозилоб дар шаҳри Душанбе дастикам 20 дарсади дигар боло бурда мешавад.
Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” нархномаи нави хизматрасонии истифодабарии оби нушокӣ ва оби ихроҷиро дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод кардааст, ки аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор мегирад.
Бар асоси ин нархнома, корхонаҳои буҷавӣ барои 1 метри мукааб оби нушокӣ як сомонию 18 дирам (бо андоз аз арзиши иловашуда) ва барои ин миқдор оби ихроҷӣ 53 дирам, дар маҷмуъ 1 сомонию 71 дирам хоҳанд пардохт. Корхонаҳои ғайрибуҷавӣ бошанд, бар ивази истифодаи як метри мукааб оби нушокӣ 2,95 сомонӣ ва барои оби ихроҷӣ 1,53 сомонӣ (дар маҷмуъ 4,48 сомонӣ) пардохт мекунанд. Барои сокиноне, ки обҳисобкунак доранд, як метри мукааб оби нушокӣ 38 дирам ва оби ихроҷӣ 14 дирам (52 дирам) муқаррар шудааст.
Барои хонаҳои аз 1-12 ошёна, ки обҳисобкунак надоранд, истифодаи як метри мукааб оби нушокӣ дар як моҳ 4,14 ва оби ихроҷӣ 1,55 сомонӣ (5,69 сомонӣ) мешавад. Аммо онҳое, ки аз ошёнаи 12 баландтар зиндагӣ мекунанд, мутаносибан 5,52 ва 1,61 сомонӣ (7,13 сомонӣ) пардохт хоҳанд кард.
Барои хобгоҳҳои умумӣ ва ба коррезии шаҳр пайваст, нархнома барои оби нушокӣ 3,45 ва оби ихроҷӣ 1,27 сомонӣ (4,72 сомонӣ) ва барои хонаҳои маҳаллие, ки ба корезии шаҳр пайвастанд, 2,87-у 42 дирам (3,30 сомонӣ) муайян гаридидаст.
Болоравии нархи об дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта низ дар ин шабу рӯз ҳаққи об наздик ба 20% боло рафта буд.