Қодирӣ дар Табрез: Бурдани хоки Камол ба Хуҷанд супориши президент аст!
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд шоми рўзи сешанбеи 18-уми ноябр ба оромгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Табрез ташриф оварда, дар маросими турбатбардорӣ аз мақбараи ин шоири бузург иштирок намудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят дар робита ба ин ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, Абдураҳмон Қодирӣ зимни сўҳбат бо масъулини эронӣ дар мақбара баён доштааст, ки «Камоли Хуҷандӣ аз шоирони бузурги Тоҷикистон буда, бахше аз умри худро дар Табрез гузаронидаву дар ҳамин шаҳр вафот кардааст ва иқдоми бунёди мақбараи Камол дар зодгоҳаш ҷиҳати арҷ ниҳодан ба ҷойгоҳи ин шоири бузург сурат мегирад».
Ҳамчунин, Абдураҳмон Қодирӣ изҳор доштааст, ки тарҳи интиқоли хоки мақбараи Камоли Хуҷандӣ ба Тоҷикистон бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, феълан дар шаҳри Хуҷанд, дар боғе, ки 7 гектар масоҳат дорад, мақбараи Камоли Хуҷандӣ бунёд ёфта истодааст.
Ҳамзамон, раиси вилоят аз таҷлили Наврўзи байналмилалии соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, изҳор доштааст, ки мақбараи бунёдшаванда дар соли 2015 бо ҳузури Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Манбаъ афзуд, ки Абдураҳмон Қодирӣ аз ҳамкориҳои масъулон ва мардуми Эрон ҷиҳати пиёдасозии ин ҳадаф изҳори ташаккур карда, аз миллати Эрон даъват намудааст, то дар таҷлили Наврўзи соли 2015 дар Тоҷикистон ширкат варзанд.