Кабирӣ занҳои ҳиҷобпӯшро ба қолабшиканӣ даъват кард
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бонувони ҳизбашро ба ширкати фаъолона дар интихоботи парлумонии соли 2015 даъват карда, онро беҳтарин фурсат барои шикастани қолабҳои таҳмилшуда болои занҳои рӯсарипӯш донистааст.
Раиси ҲНИТ дар вохӯрии рӯзи 18 ноябри худ бо бонувони ҳизбаш гуфтааст, “интихобот беҳтарин фурсат барои қолабшиканӣ мебошад ва ҳар нафар бояд гӯяд, "Ман ҳастам”, зеро вақте, гуфтем ман ҳастам, бояд ҳуқуқи ман арзишҳои ман эҳтиром дошта бошад, пас касе наметавонад сари роҳи инро бигирад!”
Оқои Кабирӣ аз ҳошияронии занҳои рӯсарипушу либосҳои миллию исломӣ ба баркунанда дар ҷомеаи мадании тоҷик нигаронӣ карда, аз ин қишри занон даъват кардааст, фаъол бошанд: “Имрӯз як хоҳари исломӣ ҳақи бо ҳиҷоб рафтан ба донишгоҳро надорад. Ҳатто наметавонанд ба масҷид раванд. Дар ҷои кори бообрӯе мисли бонку идораҳо наметавонад бо ҳиҷоб кор кунад. Коре карданд, ки зани ҳиҷобпӯш ва он зане, ки мехоҳад бо либоси милливу исломиаш зиндагӣ кунад бояд дар ҷомеа ҳузур надошта бошад. Дар парлумон набошад, дар вазорату бонк набошад. Ҳатто дар кӯчаҳои марказӣ низ мегӯянд, кушиш кунед, бо ин либосҳо нагарданд. Яъне, зани ҳиҷобпӯш бояд фаъол набошад, мутаассифона мо низ инро қабул карда истодаем. Яъне занҳо низ қабул кардаанд, ки бояд дар як ҳошия бошанд. Дигар дар ҷомеаву саҳна буданро ба худ раво намедонанд. Бояд қолабе, ки золимона болои хоҳару зани тоҷик таҳмил кардаанд, шикаста шавад”,- афзудааст ӯ.
Раҳбари ҳизби исломии Тоҷикистон ноумедию нобоварӣ ба интихоботҳоро омили аслии афзоиши ифротгароӣ ва инкори қонунии фаъолиятҳои сиёсӣ дар ҷомеа дониста, таъкид кардааст, “вале вазифаи мо ин аст, ки ба ҳукумат фаҳмонем, бо ин фишору маҳдудиятҳо иштибоҳ карда истодаанд. Ва он хоҳарону ҷавононро умедвор кунем, ки ба майдон ворид шаванд ва аз дасти таққалубкорон, ки ҳам қонунро вайрон мекунанду ҳам ҳуқуқи башарро, ҳақи худро бигиранд". Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)