Муҳоҷирони тоҷик барои дарёфти патент дар Маскав 5 ҳазор рубл медиҳанд
Шурӯъ аз соли 2015 иҷозатнома барои кор ба муҳоҷирон ба патент иваз мешавад. Пардохти ҳармоҳаи ҳаққи патент дар Маскав ва навоҳии атрофи он эҳтимол панҷ ҳазор рубли русӣ муайян гардад.
Думаи давлатии Русия рӯзи 18 ноябр ба қонун “Дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” тағйирот ворид намуд. Дар пайи ин тағйирот шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои бидуни раводид, амсоли Тоҷикистон, ба Русия меоянд, шурӯъ аз 1 январи соли 2015 барои кор дар пеши шахсони ҳуқуқӣ бояд патент дошта бошанд.
“Аз аввал арзиши патентро 5 ҳазор рубл нархгузорӣ кардем. Дар ҳоли ҳозир бо вилояти Маскав барои эҷоди як нархи воҳид дар ҳудуди ду мавзеъ музокира мекунем, ки рақобат ба вуҷуд наояд”,-гуфтааст Максим Решетников, раҳбари департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахт зимни ҷаласаи кумитаи шӯрои федеративӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ.
Тибқи ин қонун барои кор дар ширкатҳо шаҳрвандони хориҷӣ бояд иҷозаи кор дошта бошанд, аммо дар назди шахсони воқеӣ танҳо бо патент иҷозаи кор дода мешавад. Ба гуфтаи Решетников нархи патент ҳамчунин бозори меҳнат ва истихдоми шаҳрвандони Русияро танзим мекунад: “Вазъи иқтисодӣ дар ҳолати на он қадар хуб ҳаст. Лозим аст, нархи патентро ба хотири озод кардани ҷойи корӣ барои шаҳрвандони Русия гарон кунем”.
Тибқи қонуни мазкур шаҳрвандони хориҷӣ пас аз анҷоми муҳлати патент, ки баъди 1 январи соли 2015 мегиранд, имкон доранд, онро барои 1 соли дигар тамдид кунанд. Аммо, баъди гузаштани соли дуввум маҷбур хоҳанд буд, аз ҳудуди Русия берун шавад.
Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия муҳоҷирати меҳнатиянд, аз як миллион нафар бештар аст.