Анҷоми марҳилаи 1-и “Диёри Душанбе” ва ироаи ҳуқуқи хонахарӣ ба хориҷиён (ВИДЕО)
Ширкати “Qatari Diar” рӯзи 18-уми ноябр дар дафтари марказияш дар шаҳри Доҳаи Қатар анҷоми сохтмони марҳилаи аввали маҷмааи “Диёри Душанбе” ва оғози фурӯшро таҷлил намудааст.
Дар маросим, ки бо ҳузури сафири тоҷик дар Қатар, Ардашери Қодирӣ баргузор шудааст, Ҳалид Муҳаммад ал Сайёд, мудири иҷроия маҷмааи “Диёри Душанбе”-ро нахустин лоиҳа дар Осиёи Марказӣ хондааст, ки хориҷиён дар он ҳаққи харидории манзили истиқоматиро доранд ва манзилҳо пурра барои истиқомат омодаанд. Ал Сайёд изҳор доштааст, ки ниёзҳои дигари Тоҷикистонро омӯхта дар оянда низ ба он сармоягузорӣ хоҳанд кард: “Лоиҳаҳои мо як такон барои рушди иқтисоди Тоҷикистонанд ва ҷойҳои нави кориро фароҳам меоранд. Дар доираи “Диёри Душанбе” муосиртарин иншооти тиҷорӣ сохта хоҳанд шуд, ки ба тамоми талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй хоҳанд буд.”
Масъулини ин ширкат бартарияти лоиҳаашонро дар он низ гуфтаанд, дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ, дар соҳили Кӯли ҷавонон дар назди Кохи раисиҷумҳур воқеъ буда, барои дипломату сармоягузорони хориҷӣ макони мувофиқ аст.
Марҳилаи аввали лоиҳа бинои истиқоматӣ бо 67 ҳуҷра, маркази маъмурӣ ва инчунин майдончаи марказию чанд мағозаи фурӯши чаканаро дар бар мегирад. Маҷмааи диёри Душанбе аз биноҳои истиқоматии аз 12 то 17 ошёна иборат буда, арзиши як хона дар ин маҷмаа то ба 500 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.