Боздошти як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон дар Екатеринбург
Раёсати умури дохилии Екатеринбург аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст.
Дафтари матбуотии ин ниҳод ба расонаҳои русӣ гуфтааст, дастгиршуда дар назди бозори “Таганский ряд” сумкаи занонаеро аз дасти як мард, ки бо хонуме дар кӯча сайр дошт, рабуда фирор мекунад. Дохили он 150 ҳазор рубли русӣ будааст. “Корманди пулис, ки дар наздикии бозор буд, дуздро боздошт мекунад”. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҷустуҷӯ аз дастгиршуда, ки шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон буда ва қаблан барои фурӯши маводи мухаддир суд шудааст, аст, корд ёфтаанд. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад. Раёсати умури дохилии Екетеренбург аз рӯйи ин ҳолат парванда боз карда, тафтиш мебарад.