Эмомалӣ Раҳмон: “Хоҳони роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо давлати Исроил ҳастем”
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни қабули эътимодномаи сафири тозатаъйини Исроил дар кишвар - Кармела Шамир хостори тавсеаи равобити Душанбеву Тел-Авив шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 ноябр зимни маросими қабули эъдимодномаҳои бархе аз сафирони нави кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе гуфтааст, “мо хоҳони роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо давлати Исроил ҳастем.”
Раисҷумҳури кишвар изҳор доштааст, бо назардошти иқтидорҳои мавҷудаи тарафҳо, Душанбею Тел-Авив дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму фарҳанг имкониятҳои васеи рушди ҳамкорӣ доранд: “Хислати доимӣ ва босамар касб кардани муносиботи ду кишварро ҷониби Душанбе қабл аз ҳама дар амалияи ташаккули пояҳои ҳуқуқии онҳо мебинад”.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, зуҳри рӯзи 18 ноябр дар баробари сафири нави Исроил дар Душанбе инчунин сафири Шоҳигарии Нидерланд - Дриссер Генри Юберро, сафири Ирландия Оун О’Лири, сафири Эстония Марио Годино де-Матуш, сафири Босния ва Герсеговина Эдиб Буквич, сафири Молдова Андрей Галбур, сафири Малайзия Дато Норъайнӣ, сафири Канада Шон Стайл ва сафири Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану эътимодномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, расман ба фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон шурӯъ карданд.