Нигаронии Қарзовӣ аз террористӣ эълон шудани Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом
Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом ба раҳбарии донишманди маъруф Юсуф Қарзовӣ бо нашри як изҳорот аз созмони террористӣ эълон шуданаш дар қаламрави Амороти муттаҳидаи Араб шадидан нигаронӣ кардааст.
Ин созмон аз мақомоти АМА талаб кардааст, руйхати “сиёҳ”-и худро дубора бозбинӣ карда, номи Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Исломро аз он берун кунад. Аъзои иттиҳод мегӯянд, номи созмони онҳо дар ҳоле вориди ин руйхат гардид, ки дар он садҳо номи созмонҳои ғайриисломӣ ва ташкилкунандаву сармоягузори гуруҳҳои террористӣ сарфи назар шудааст: “Ба ҷаҳониён маълум аст, иттиҳоди мо як созмони мустақили исломӣ мебошад ва расман сабти ном шудааст. Инчунин, созмон ба тамоми қавонини байналмилалӣ эҳтиром гузошта, аз замони таъсисёбӣ изҳорот ё қарореро зидди қонунҳои байналмилал содир накардааст. Ба узвияти иттиҳод даҳҳо донишманди исломӣ аз гушаву канори олам шомиланд, ки ҳамеша аз эътидол ва дурӣ аз хушунат сухан мегӯянд”.
Дар изҳорот омадааст, Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом замоне ба рӯйхати сиёҳи тартибдодаи АМА ворид шудааст, ки он то кунун зидди гуруҳҳои террористию терроризм аввалин шуда изҳорот медиҳад ва амали онҳоро маҳкум мекунад.
Мақомоти АМА охири ҳафтаи гузашта бо тартиб додани як руйхат фаъолияти 83 гуруҳу ҳаракат дар қамлаври худро мамнуъ ва онҳоро созмонҳои террористӣ эълон кард, ки дар ин миён Ҳаракати “Ихвонулмуслимин” (Бародарони мусулмон), созмони терористии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ), Бокуҳаром ва Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом низ ҳастанд.