Шикояти сокинони Рӯшон аз ҳукумати маҳаллӣ ба президент
Ҳудуди 60 сокини маҳаллаҳои Санговак, Ғаҷадак ва Андароби маркази ноҳияи Рӯшон иддао доранд, ки ҳукумати маҳаллӣ мехоҳад, заминҳои корами ба ном “президентӣ”-ро аз онҳо гирифта, барои сохтмон истифода кунад.
Дар номаи кушоди ин шаҳрвандон ба Эмомалӣ Раҳмон, ки нусхаи он зери имзои 61 нафар дастраси “Озодагон” шуд, аз раисиҷумҳур дархост шудааст, ки ин азми ғайриқонунии раисони маҳаллиро ҷилавгирӣ кунад.
Дар номаи ин сокинон аз ҷумла омадааст: “Имрӯз дар ҳудуди маркази ноҳияи Рӯшон даҳҳо иморати валангор (дар кӯчаи марказии ноҳия) мавҷуданд, ки мебоист барвақт барои сохтмони манзилу иншооти зарурӣ истифода мешуданд”.
Ба иддаои муроҷиаткунандагон раисони маҳаллӣ мехоҳанд маҳз дар дар заминҳои ҳамвору корам сохтмонҳоро анҷом диҳанд, ки мухолифи қонунгузорӣ ва дастурҳои раисиҷумҳур дар мавриди истифодаи самараноки замин аст: “Дар фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1997 таҳти рақами 874 қайд карда шудааст, ки дар заминҳои нишондодашуда «сохтмони манзил ва таъиноти хоҷагии маишӣ, шинондану буридани дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои хоҷагии ҷангал қатъиян манъ аст». Ғайр аз ин, фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.07.2000 таҳти рақами 335 дар бораи ҳифз ва самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ амал мекунад, ки дар он қайд шудааст: Аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, сохтмони манзил, иншооти ғайриистеҳсолӣ манъ карда шавад ва Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад, ки оиди дар амал татбиқ намудани фармони мазкур чораҳои қатъӣ андешанд”.
Сокинони Рӯшон тақозо доранд, ки қарори қабулкардаи ҳукумати ноҳияи Рӯшон оиди ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замини корами ёрирасон (заминҳои Президентӣ) беъэтибор дониста ва ба аъмоли ғайримуҷози роҳбарони ноҳия баҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ дода шавад.