Қаршибоев: Ҳаводиси Арабу Украина озодиро дар Тоҷикистон маҳдудтар кард
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) аз бештар шудани маҳдудиятҳо дар самти фаъолияти расонаҳои кишвар аз сӯи мақомот дар ду соли ахир изҳорӣ нигаронӣ кард.
Ӯ, ки дар ҳамоиши “Озодии ВАО дар Тоҷикистон - Конфронс барои ҷомеаи шаҳрвандӣ” суҳбат мекард, гуфт, “маҳдудияти аввал ба ҳаводиси Украина ва ҳамчунин ба воқеаҳои баҳори Араб марбут ҳаст. Ин ҳаводис ба ҳукуматҳои пасошуравӣ сабақ нашуд, ба хотири таъмини ба андешаи онҳо субот дар ҷомеа бештар ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон даст мезананд”.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки намоядаҳои Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар ниҳодҳои марбут ба расонаҳо дар меҳмонхонаи “Шератон”-и Душанбе ҷараён дорад. Ба иддаои Нуриддин Қаршибоев мушкили умдаи дигар, мушкили дастрасӣ ба иттилоот аст: “Манзури ман аз дастрасӣ ба итилоот натанҳо камбудиҳо дар пешниҳод кардани он, балки масудуд шудани сомонаҳои интернетӣ мебошад”.
Ин ҳам дар ҳоле ки ба қавли ӯ, тибқи муқаррароти ҳам қонунгузории Тоҷикистон ва ҳам меъёрҳои байналмилалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд иттилотро ҷустуҷӯ, пайдо ва аз он истифода кунанд, “вале, мутаасифона дар Тоҷикистон бештар масдуд кардани сомонаҳом интернетӣ ғайриқонунӣ сурат мегирад. Агар дар Русия ин амал дар чаҳорчуби қонун, тибқи як механизм сурат гирад, дар Тоҷикистон бо амри як мансабдори давлатӣ метавонад тамоми сомонаҳои интернетӣ масдуд шаванд”.
Шаҳло Акобирова, раҳбари созмони “Хома” дар робита ба мушкилоти расонаҳо дар Тоҷикистон тавсияҳоеро ба ҳукумат пешниҳод кард. Таъмин намудани танзимкунандаи мустақили расонаҳо, маҳдуд кардани расонаҳое, ки барои ҷалб кардани реклама кумакҳои давлатиро ба даст меоранд, ворид кардани тағйирот ба қонун “Дар бораи реклама”, фароҳам кардани механизми воқеии корӣ ва мусоидат ба суботи молии расонаҳо аз ин тавсияҳо буданд.