Интизорӣ ва умедвориҳои Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони тозатаъйин
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 18 ноябр зимни қабули эътимоднома аз 10 сафири тозатаъйини хориҷӣ дар Душанбе умеду интизориҳои худро баён доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “аз фаъолияти сермасъули дипломатии Шумо, сафирони мӯҳтарам, самараву натиҷаҳои нав ба навро интизорем ва бароятон комёбиҳо орзумандем.”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз Мирослав Ниязов, сафири нави Қирғизистон дар Душанбе ҳамчун шахсияти дорои таҷрибаи мусбат дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон ном гирифта, гуфтааст: “Мо Шуморо ҳамчун дипломати фаъол ва ташаббускоре, ки барои рушди мусбати муносибатҳои серҷониба миёни ду кишвар кори зиёдеро анҷом додаед, мешиносем.”
Ба гуфтаи ӯ, рушди муносибатҳои неки ҳамсоядории дӯстона ва ҳамкориҳои серҷабҳа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар стратегияи сиёсати берунии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад: “Ин гуна таваҷҷуҳи махсус нисбат ба тамоми паҳлӯҳои ҳамкориҳои мутақобила бо давлатҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳавасмандии амиқи мо дар кори таҳкими рӯҳияи неки ҷойгиршавии якҷояи мо, ки мардумони мо онро асрҳо бо робитаҳои хеш дастгирӣ менамуданд, бармеояд. Вазифаи асосӣ дар ин самт дар ҳалли оҷилӣ ва барои ҳар ду ҷониб қобили қабули тамоми маҷмӯи масоили муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо бо истифода аз анъанаҳои пуршарафи муоширати неки ҳамсоядории мардумони мо дида мешавад.”
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯянд, дар ин маросим дар баробари сафири нави Қирғизистон инчунин сафирони тозатаъйини Эрон - Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо - Ҳидайет Бишчевич, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика - Улиси Канчули, сафири Австралия - Пол Эндрю Майлер, сафири Зеландияи Нав - Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, сафири Шоҳигарии Дания - Томас Винклер, сафири Словения - Примож Шелиго, сафири - Португалия Марио Годино де-Матуш, сафири ҷумҳурии Гана - Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон супоридаанд.