Дуюмин куштори бародар аз дасти бародар давоми 2 рӯз дар Суғд
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд дар ду рӯзи охир аз ду ҳолати куштори бародар аз дасти бародар хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ содир шудаанд.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 17-уми ноябр Шавкатҷон Турсунов, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳолати мастӣ дар пайи як муноқиша бо корд синаи бародараш Турсунов Шуҳратҷони 35-соларо чок карда, ба ҳалокат мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш ВКД аз куштори дигари бародар аз дасти бародар дар вилояти Суғд хабар дод, ки 16-уми ноябр дар ҳолати мастӣ содир шудааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.