Убайдуллоев ба гирдиҳамоии тоҷирони “Ином” иҷоза надод
Ҳукумати шаҳри Душанбе ба дархости саҳҳомони бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯс барои баргузории гирдиҳамоӣ посухи рад додааст.
Аз шаҳрдории Душанбе, имрӯз, 18 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки аризаи саҳмони бозори "Ином"-ро мавриди баррасӣ қарор дода, расман посухи радди шаҳрдорӣ ба Санавбар Абдуллоева, молики бозори “Ином” расонида шуд. Абдуллоева дар суҳбат бо "Озодагон" изҳор дошт, ки шаҳрдорӣ гӯиё ба далели нақзи моддаҳои алоҳидаи қонун дар бораи гирдиҳамоиҳо ба дархости мо посухи рад дод, аммо мушаххас накарданд, ки кадом талабот риоя нашудаанд: "Баъди маслиҳат бо ҳуқушинос ва муайян кардани далелҳо мо дубора ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекунем."
Саҳмдорони бозори "Ином" санаи 13 ноябр бо навиштани номае аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе дархост карданд, ки ба онҳо иҷоза диҳад, то 3 декабри соли равон дар назди бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон гирдиҳамоӣ гузаронанд.
Саҳмдорон изҳор доштанд, ки сабаби даст ба гирдиҳамоӣ заданашон дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ва “бесалоҳиятӣ"-и Додгоҳи олии иқтисодӣ дар мавриди баҳси онҳо бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Баъди баҳсҳои тулонӣ миёни хонаводаи Абдуллоевҳо ва додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар хусуси ҳаққи моликият доштан ба бозори “Ином”, моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор баровард, ин бозор миёни ҳарду ҷониб баробар, яъне, 50 ба 50 тақсим шавад, ки ин норозигии саҳомони бозорро ба миён овард.