Дастури Убайдуллов барои ҷилавгирӣ аз болоравии нарх ва нигаронӣ аз фаъолияти муовинаш
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ба масъулин дастуру супоришҳо додааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори пойтахт ба “Озодагон” гуфт, ҷаласаи корӣ рӯзи 17 ноябр баргузор шуда, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директори корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, раисони ноҳияҳои шаҳр ва раҳбарони мақомоти марбута дастур додааст, “тамоми потенсиали мавҷуда баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр ва роҳ надодан ба таври стихиявӣ болобарии нархҳо дар бозорҳои коммуналӣ ва шахсии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда равона карда шавад”.
Ба иттилои манбаъ, инчунин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, тибқи тартиби муқарраргардида ба КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва бозорҳои коммуналии шаҳр, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, “ҷиҳати пешгирии болоравии нархҳои молҳои ниёзи аввалия барои дахолати молӣ оид ба харидорию пешниҳодоти номгӯи молҳои алоҳида маблағҳои зарурии бефоизро дар давоми соли молиявӣ аз буҷети шаҳр ҷудо намояд".
Оқои Саидов гуфт, дар ин ҷаласа ба масъалаи омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ ва ҳолати роҳҳои пойтахт ҳам дахл шуда, аз ҷумла дар иртибот ба ҳолати роҳҳо, ҷараёни корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири онҳо, танзими хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аз фаъолияти сарпарасти соҳа – муовини раиси шаҳр Ҳакимов Н.Ҳ. изҳори нигаронӣ карда, “дастур фармуд, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешад”.