Дидори Аслов бо сафири нави Эрон дар Душанбе
Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ, сафири тозатаъйини Эрон дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи қабл вориди шаҳри Душанбе шуд, бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, дидори Аслов бо Фағонӣ рӯзи 17 ноябр сурат гирифта, зимни ин вохурӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро супоридааст.
Ҳуҷҷатти Фағонӣ, собиқ масъули ситоди Афғонистон дар Вазорати умури хориҷии Эрон мебошад, ки охирҳои моҳи октябр баъд аз як соли анҷоми ваколати ҳамтои пешинаш бо дастури Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон сафири нави Теҳрон дар Душанбе таъйин гардид.
Эрон яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки нахустин шуда истиқлолияти Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми асри гузашта эътироф кард ва беш аз 20 сол аст, бо Душанбе равобити хуби дипломатӣ ба роҳ мондааст. Дар баробари Русия ва Чин яке аз шарикони стратегӣ ва сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Аммо бо сари қудрати омадани Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури феълии Эрон тӯли беш аз 6 моҳ аст, Теҳрон дар Душанбе сафир надорад.
Масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон далели холӣ мондани курсии сафирии ин кишвар дар Душанберо то ҳол ба ташкилшавии ҳукумати нави худ рабт медоданд. Аз соли 2007 ба ин сӯ, ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ифои вазифа мекард, ки бино бар сабаби тамом шудани ваколати дипломатияш дар ибтидои моҳи октябри соли 2013 аз ин симат канор рафт. Дар асл маъмурияти Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфт, вале ӯ муҳлати сафирияш дар Тоҷикистонро тамдид кард ва то омадани Фағонӣ сарпарастии сафорати Эрон дар Душанберо Сайидмаҳмуди Садрӣ бар уҳда дошт.
Ба иттилои манбаъ, инчунин рӯзи 17 ноябр сафирони нави баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафири Малайзия, Канада, Ирландия, Шоҳигарии Нидерланд , Португалия, Эстония, Молдова, Венесуэла, Мексика, Дания, Словения, Гана, Босния ва Гертсоговина нусхаҳои эътимодномаи худро супоридаанд.