Вакили Шуҳрат Қудратов: “Қонуни авф” сиёсӣ аст ва ба манфиати ҳукумат
То санаи 21 ноябр парванда нисбат ба Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеъи соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба додгоҳ фиристода мешавад. Дар ин бора Раҳматилло Зойиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Шуҳрат Қудратов рӯзи 21 июли соли ҷорӣ бо иттиҳоми додани пора (моддаи 320) ва қаллобӣ (моддаи 247) аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ дастгир шуд. Ба қавли Раҳматилло Зойиров ҷиноят аз рӯи моддаи 320, яъне додани пора аз ҷониби тафтишоти пешакӣ исбот нашуд: “Шуҳрат Қудратов дар содир кардани ин ҷиноят иқрор нашуд. Мо пешниҳод кардем, ин модда ба дигар модда иваз шавад. Дар асоси моддаи 320, парванда нисбат ба Шуҳрат Қудратов қатъ гардид”.
Оқои Зоиров мегӯяд, афв аз рӯи моддаи 320 нисбат ба зерҳимояаш татбиқ намешавад: “Афв ҳамон вақт татбиқ мешавад, ки худи шахс дар содир кардани ҷиноят иқрор шавад. Агар ӯ ба ҷинояти худ иқрор шуда бошад, ба суд ариза пешниҳод мекунад. Суд парвандаро баррасӣ намуда, дар асоси омӯхтани таркиби ҷиноят хулоса мебарорад ва пешниҳод менамояд, ки қонуни афв татбиқ гардад. Азбаски Шуҳрат, ин ҷиноятро содир накардааст, афв аз рӯи моддаи 320 нисбат ба ӯ татбиқ карда намешавад. Аммо дар моддаи 247 нишонаҳои таркиби ҷиноят ин ҷо мавҷуд мебошад ва барои ҳалли роҳи осони масъала мо розӣ мешавем, ки афв аз рӯи ин модда татбиқ гардад”.
Раҳматило Зоиров дар идома афи эълоншударо ба муносибати 20-солагии Сарқонуни кишвар сиёсӣ хонда, илова кард: “Нисбат ба ҳар нафаре ки ба ҳокимияти имрӯза номатлуб аст, он гуна маҳдудгариҳоеро дарёфт карданд, то ҳамин одамоне ки сиёсӣ ҳастанд, дар асоси қонуни авф озод намешаванд. Нисбат ба шахсоне ки ғайрисиёсӣ мебошанд, ин қонун татбиқ карда мешавад. Яъне ин як авфи махсуси ба манфиати ҳокимияти давлатии имрӯза аст, на ба манфиати мардум”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)