Пешниҳод барои гузоштани як кӯча ба номи Раббонӣ ва донишгоҳи ҳарбӣ ба номи Масъуд
Як донишҷӯи тоҷик пешниҳод дорад, яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Бурҳониддин Раббонӣ ва муассисаи таълимии назди Вазорати дифоъ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад.
Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз, 17 ноябр ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, пешниҳод дорад, яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ба номи Бурҳониддин Раббонӣ, райисиҷумҳури собиқи Афғонистон ва донишгоҳи ҳарбии назди Вазорати дифои кишвар ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодии он кишвар гузошта шавад. Ӯ мегӯяд, “нақши Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон беандоза аст ва бо номгузории як кӯча ва донишгоҳи ҳарбӣ ба номи эшон аз ин абармардон мешавад, қадрдонӣ кард”.
Ин донишҷӯи тоҷик меафзояд, дар Афғонистон ҳудуди 14 миллион тоҷик умр ба сар мебарад ва шахсиятҳои бузург ҳам чун Масъуду Раббонӣ ҳамеша худро тоҷик муаррифӣ кардаанд, “вале муттасифона имрӯз дар Тоҷикистон аз онҳо чандон қадрдонӣ намешавад. Ҳатто дар донишгоҳ боре шоҳид набудам, ки бо баргузории чорабиние аз чунин нафарон ёд карда бошанд”.
Шоҳрух Каримов мегӯяд, хизматҳои холисонаи ин афрод дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро наметавон нодида гирифт. Ба гуфтаи Шоҳрух Каримов идеяи пешниҳоди гузоштани як кӯча ва як донишогоҳ дар Душанбе ба номи Раббонӣ ва Масъуд баъд аз мутолиаи китоби Мирзо Шукурзода - “Размоварони ҳиндукуш” пайдо шудааст, ки дар мавриди ин мардони асил қисса мекунад.
Ин донишҷӯи тоҷик дар охир изҳори умед кард, пешниҳодаш ба шаҳрдории Душанбе ва ба ҳукумати Тоҷикистон мерасад ва ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Пешниҳоди гузоштани як кӯча ва як муассисаи таълимӣ ба номи Раббониву Масъуд дар ҳолест, ки Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик соли сипаришуда дар як маҳфили ёдбуд аз Аҳмад Зоҳир, овозхони саршиноси афғон гуфт, зиёд мехоҳад дар Душанбе баробари хиёбонҳои Рӯдакиву Шерозӣ хиёбоне бо номи Аҳмад Зоҳир пайдо шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)