Ифтитоҳи 16 парванда алайҳи ҳоҷиён баъди бозгашт ба Душанбе
Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз ифтитоҳи 16 парвандаи маъмурӣ хабар дод, ки соли равон алайҳи зоирини тоҷик баъди бозгашташон ба Душанбе ифтитоҳ шудааст.
Ба иттилои манбаъ аксари ин парвандаҳо барои нақзи қонуни танзими расму оин боз шудаанд, ки зимни маросими пешвози ҳоҷиён сурат гирифтааст. Аз ҷумла имсол бархе ҳоҷиёнро бо “лимузин” пешвоз гирифтанду бархеи дигар буқаҳоро кушта рӯи дастархон партофтаанд.
Холиқзода инчунин зимни як ҳамоиш, ки рӯзи 15-уми ноябр ба маъракаи “Ҳаҷ-2014” бахшида шуда буд, аз камбудиии бархе роҳбаладон интиқод намуд. Ӯ таъкид дошт, ки барои роҳнамоӣ дар шаҳр аз зоирин набояд маблағ гирифта шавад ва ин дар шартномаи дутарафа таъкид шудааст.
Раиси Кумитаи дин инчунин ҳалокати як роҳбаладро бар асари бемории қанд дар Арабистони Саудӣ баҳсбарангез хонда, таъкид намуд, ки назорати тиббии роҳбаладон дар маъракаи ҳаҷ беҳтар роҳандозӣ шавад.
Дар доираи маъракаи “Ҳаҷ-2014” беш аз 6 ҳазор зоири Хонаи Худоро дар шаҳри Макка зиёрат намуданд.