Дастури Раҳмон барои фаъолсозии бозори такрории саҳмияҳо (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 17-уми ноябр зимни ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ масоили марбут ба рушди соҳибкориию сармоягузориро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласа, ки бо ҳузури намояндагони бахши хусусӣ, сохторҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, мушаххасан 5 масъала баррасӣ гардид: “Инҳо - иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон, татбиқи Барномаи дастгирии муассисаҳои сохтмонӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014, муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Тоҷикистон, ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мебошанд.”
Ба иттилои манбаъ раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Ширинов дар мавриди фаъолшавии бозори такрори қоғазҳои қиматнок гузориш дода, роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков дар мавриди нақши бахши хусусӣ дар рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ ибрози назар кард.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи ҷаласа супориш дод, ки шӯроҳо доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шаванд: “Таъкид гардид, ки низоми гирифтани иҷозат барои сохтмон тариқи “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шавад, то ки ин раванд содда гардад. Ба Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, барои ба миён овардани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва ба бозор пешниҳод намудани чунин қоғазҳои давлатӣ чораҳои муассир андешида, амалӣ намоянд.”
Ин дастур дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз аввали соли 2010-ум, ки фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” оғоз шуда буд, ба Бонки Миллӣ ва Вазорати молия супориш дод, ки то охири ҳамон сол бозори такрории қоғазҳои қиматнокро дар кишвар фаъол намоянд, ки то ҳол низ иҷро нашудааст ва фаъолияти ин бозор дар кишвар назаррас нест.