Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз бонки Чакрабартӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аснои мулоқот бо Сума Чакрабартӣ, президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд, ҳавасмандии худ барои ҳамкорӣ бо ин ниҳоди молӣ баён кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар хабар доданд, дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Чакрабартӣ рӯзи 17 ноябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар он “масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молӣ баррасӣ шудааст”.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, дар давоми солҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо дар бахши хусусӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба имзо расонидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳоло сандуқи лоиҳаҳои фаъоли ин бонк дар умум зиёда аз 500 миллион доллар дар бахшҳои энергетика, обтаъминкунию хоҷагии манзилӣ, низоми бонкдорӣ ва бахши хусусӣ амалӣ мешаванд.
Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо ин бонк қаноатмандӣ карда, изҳори бовар карда шудааст, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба хусус ба хотири коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, минбаъд низ босамар идома меёбад.