Сафирони кишварҳои Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ахиран унвонии дабири кулли СММ номаи муштарак фиристода, талаб кардаанд, ки лоиҳаи "Қонуни байналмилалии ахлоқӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ" дар 66-умин Маҷмаи Кулли СММ ба ҳайси санади расмӣ мавриди баҳс қарор гирад.
Дар ҳамин ҳол, пешниҳоди тарҳи оинномаи ахлоқии амнияти иттиллотӣ ба СММ вокунишҳоеро ба вуҷуд овардааст.Гурӯҳе аз соҳибназарони тоҷик дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфтаанд, ҳадаф аз пешниҳоди ин лоиҳа назорат ва идораи интернет аз сӯи мақомдорони кишварҳоест, ки аз мухолифони худ хавф доранд. Ин расона менависад, Асомуддин Аттоев, роҳбари Академияи технологияи информатсионӣ-коммуникатсионӣ барои рушд дар Тоҷикистон гуфтааст, маҳдуд кардани интернет ва васоити нави фанноварӣ аз имкони кишварҳо берун аст."Солҳои 2003-2005 Созмони байнулмилалии телекоммуникатсионӣ ҳадаф дошт, ки идоракунии интернетро ба даст бигирад. Хушбахтона, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бадбахтона барои ин созмон ин корро карда натавонистанд. Барои кишварҳои кӯчаке назири Тоҷикистон роҳи беҳтар татбиқи ҳамин фанновариҳои иттилоотӣ дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ аст. Маҳдуд кардан роҳи ҳал нест, зеро аз маҳдуд кардан пеш аз ҳама ин давлатҳо бохт мекунанд. Он давлатҳои муқтадир бо ҳар роҳ боз ҳам барномаҳои худро пиёда месозанд. Ин навбат низ талоши зери назорат даровардани интернет натиҷа намедиҳад, зеро амалан он имкон надорад."
Гуфтанист, ба ин ҳол, чунин як санаде дар саҳнаи байнулмилалӣ барои аввалин бор матраҳ мешавад. Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар он ҳуқуқу вазифаҳои кишварҳо дар соҳаи кибернетӣ ташхис шуда, ҳамкорӣ дар муқовимат ба таҳдидҳои соҳаи иттилооту фазои кибернетӣ тавсеа хоҳад ёфт.{jathumbnail off}