Ҳалимаи гумшударо дар Қабодиён ёфтанд
Ҳалима Қирғизбекова, ҷавондухтари 14-сола, ки рӯзи 13-уми ноябр аз назди бозори “Саховат”-и Душанбе гум шуда буд, дар ноҳияи Қабодиён пайдо шудааст.
Наздикони Қирғизбоева ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҳалимаро рӯзи 13 ноябр дар назди бозори Саховати шаҳри Душанбе яке аз пайвандонаш дида, ба хонааш, ба ноҳияи Қабодиён мебарад: “Пас аз ду рӯз, онҳо ба падару модари Ҳалима хабар медиҳанд, ки духтар дар хонаи онҳост.”
Ҳалима Қирғизбоева, хонандаи синфи 7 зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон аст, ки рӯзи 13 ноябр аз мактаби деҳааш берун шуда, бидуни огаҳии нафаре мехостааст, ба назди падараш, ки дар шаҳри Душанбе кор мекунад, равад: “Ҳалима худи ҳамон рӯз ба бозори ноҳия омада, ороишоти тилоии худро бар ивази 100 сомонӣ фурӯхта, роҳ сӯи Душанбе гирифтааст. Ронандаи таксие, ки ӯро то пойтахт расондааст, мегӯяд, Ҳалимаро то бозори “Саховат” расонидааст. Ба қавли ронанда, гӯиё ӯ баъд аз пиёда шудан аз мошин ба тарафи дасти рост, аниқтараш ҷониби дарёи “Душанбинка” рафтааст.”
Наздикони Ҳалима мегӯянд, ӯ баъд аз ҷудо шудани падару модараш аз ҳамдигар беш аз 10 сол мешавад, ки ҳамроҳи падар ва модарандари худ зиндагӣ мекард. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)