"Бишкек 90%-у Душанбе 60%-и корҳои сохтмонӣ дар марзро анҷом додааст"
Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон имрӯз, 17 ноябр пушти дарҳои баста лоиҳаи қонун “Дар бораи тасвиби шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтани ду купрук ва роҳи мошингард, ки 31 марти соли 2014 имзо шудааст”-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Эрнис Мамирканов, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия гуфтааст, мақсади ин шартнома таъмин намудани рафтуомади бемамоният аз ҳарду кишвар мебошад. Ба қавли ӯ, дарозии роҳ бо шумули ду купрук, яке 18 метр ва дигарӣ 36, - 1.1 километрро ташкил медиҳад: “Дар ҳоли ҳозир кори сохтмонӣ аз ҷониби Қирғизистон 90 дарсад ва аз ҷониби Тоҷикистон 60 дарсад анҷом ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол Баҳодур Сулаймонов, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ата Журт” аз пайомадҳои эҳтимолии нохуши ин лоиҳа суол кардааст: “Шумо мегӯед, ҷониби Қирғизистон 90 дарсад корро анҷом додааст. Агар баъдан ҷониби Тоҷикистон бигӯяд, ки купрук аз мо аст? Шумо дар бораи ин фикр кардед?”.
Мамирканов дар ҷавоб гуфтааст: “Ин суол дар моддаи 6-и шартнома рӯшан шудааст. Он ҷо гуфта шудааст, ҳамаи саволҳои марбут ба моликият пас аз ҳал шудани раванди аломатгузории сарҳад дида мешавад. Аммо купрукҳо ба нафъи кишвари мо сохта мешаванд. Ман пешниҳод мекунам, ин савол паси дарҳои пӯшида баррасӣ шавад”.