(АКСУ ВИДЕО) Шарҳи расмии сӯхтори назди бозори “Панҷшанбе”: Аз ихроҷи газ то 1 миллион зарар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар назди бозори “Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷандро, ки дар пайи он даҳҳо мағозаю дӯкони тоҷирон ба коми оташ рафт, шарҳ дод.
Ба иттилои торнамои ин ниҳод, сӯхтор 16 ноябр дар натиҷаи ихроҷи гази моеъ дар ошхонаи “Ханиф”, ки дар бозори "Панҷшанбе" ҷойигр аст, сар задааст. Манбаъ масоҳати умумии сухторро 800 метри мураббаъ гуфта, зарари расидашударо 994000 сомонӣ ҳисоб кардааст. ВУД мегӯяд, ошхонаи “Ҳаниф” ба соҳибкори инфиродӣ Азимҷон Юлдошев (соли таваллудаш 1958) сокини Хуҷанд тааллуқ дорад.
Оташсӯзии шаби 15 ба 16 ноябр марказҳои савдои "Тоҷир", "Барфаки Хуҷанд", "Баҳор" ва "Сино"-и назди бозори "Панҷшанбе"-и маркази вилояти Суғдро ба "ком" кашид. Аз дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд ба хабаргузории "Озодагон" гуфтанд, ба маълумоти пешакӣ сӯхтор соати 22:00-и рӯзи 15 ноябр сар зада, то соати 01:30-и шаби 16 ноябр идома кардааст. Тоҷирон мегӯянд, оташсӯзӣ ҳудуди 70 дӯкони бозори “Панҷшанбе”-ро ба ком кашида, марказҳои савдои “Тоҷир”, Сино”, “Баҳор” ва намоишгоҳи мусаввараҳои рассомони тоҷик низ дар пайи он зарар дидаанд. Аз ҷумла аз хокистар шудани наздик ба 100 аксу мусаввараҳои рассомон хабар дода мешавад.
Дафтари матбуотии шаҳрдорӣ Хуҷанд меафзояд, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале як посбон дар ҳоли садамот ё худ "шок" қарор дошта, феълан бистарии бемористон аст. Гуфта мешавад, барои хомӯш намудани оташ 20 адад нақлиёти қисми сӯхторнишонии вилоятӣ, шаҳри Хуҷанд ва манотиқи назди маркази вилоят ҷалб шудаанд. Тибқи дастури шаҳрдори Хуҷанд - Раҷаббой Аҳмадзода, тамоми сохторҳои дахлдори шаҳр, раёсати хоҷагию коммуналии барқ, идораи обтаъминкунӣ барои рафъи оқибатҳои сӯхтор ба кор шурӯъ намудаанд.
Бархе аз тоҷирон, ки мегӯянд дуконҳояшон комилан хокистар шудааст, аз мақомот талаб доранд, онро барқарор намояд. Ба қавли онҳо, санадҳои манзили худро ҳам дохили ин дуконҳо нигоҳ медоштанд ва ҳоло аз он ки бехона мемонанд, ҳарос доранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)