“Шабохун”-и мусаллаҳона ба нуқтаи мубодилаи асъор дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона ба нуқтаи мубодилаи асъор дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе хабар додааст, ки мегӯяд, шаби 15-уми ноябр сурат гирифтааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, “тахминан соати 21:10 дақиқа шахси номаълум бо корд вориди нуқтаи мубодилаи асъор шуда, 3 маротиба ба бадани корманди коргоҳи мазкур- Баллаев Саймуъмин, соли таваллудаш 1981 ва 1 маротиба ба бадани шаҳрванд Ҳайитов Алишер, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳринав бо корд зада, аз он ҷо ҷамъ 7400 доллари ИМА маблағи пулиро тасурруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Сино ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят Игамбердиев Шуҳрат, сокини 37-солаи ноҳияи Шуғнон дастгир гардид: “Аз боздоштшуда далелҳои шайъӣ 1 адад корд ва 7400 доллари ИМА гирифта шуд.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба иттилои ин ниҳод ҷабрдидагон дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Ин ҳамла ба нуқтаи мубодилаи асъор дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қурби доллар тайи як моҳи охир ба таври рекордӣ боло рафта то 5,45 сомонӣ расидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)