Манбаъ мегӯяд, дар даври аввал ҳайати доварон дар ду баст ба тиловати 25 ҳофизи Қуръон, аз ҷумла Лутфуллоҳ Холиқов гӯш додаанд. Озмуни Қуръони “Шоҳ Абдулазиз” бори 36-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Имсол дар он ҳофизони Қуръон аз 59 кишвари дунё, аз ҷумла Малайзия, Мянма, Баҳрайн, Тоҷикистон, Тунис ва Мағриб иштирок доранд.
Лутфуллоҳ Холиқов 14 сол дошта, қироъати таҷвидии Қуръонро хуб медонад ва матни беш аз шаш ҳазор оя ва 114 сураи Қуръонро бо муаррифи рақами сафҳаҳояшон азхуд кардааст. Ба гуфтаи пайвандони Лутфуллоҳ, ӯ тамоми ояҳои Қуръони каримро дар муддати як сол дар Ватан ҳифз кардааст.
Соли 2012 низ тими сенафарии ҳофизони Қуръон аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ ҷой аввалро ба даст оварда буданд, ки яке аз ин се нафар Лутфуллоҳ Холиқов буд.