Давлатмардони тоҷик солҳо боз таъкид мекунанд, барои сохтани ҷомеаи демократӣ солҳои тӯлонӣ лозим аст. Ҳатто аз ин нукта фаротар мераванд ва мегӯянд, “мардуми мо омода нест” то ҷомеаи демократиро қабул кунад. Ин назар дар ҳолест, ки бархе кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон дар 5 сол тавонист як ҷомеаи демократӣ бисозад.
“ҶОМЕАИ ДЕМОКРТИРО ДАР ЯК СОАТ ҲАМ СОХТАН МУМКИН АСТ”Дар Тоҷикистон ҳанӯз меъёрҳои ҷомеи демократӣ ниҳодина нашудааст ва таҳлилгарон муътақиданд, барои сохтани ҷомеаи демократӣ на вақт, балки иродаи сиёсӣ лозим асту бас.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ бояд реша мегирифт, зеро заминаҳо ва ҷараёнҳои демократӣ каму беш вуҷуд доштанд, вале, ба гуфтаи ӯ, ҷараёни шаклгирии демократия дар Тоҷикистон ба қафо майл кард ва худкомагӣ дар Тоҷикистон ғолиб омад. Ин сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, барои сохтани ҷомеаи демократӣ солҳои тулонӣ лозим нест, балки иродаи сиёсӣ кофӣ аст, то ҷомеаи демократӣ шакл бигирад:
“Ҷомеаи демократиро дар як соат ҳам сохтан мумкин аст, дар 100 сол сохта натавонистан ҳам мумкин аст. Ин аз амалкарди ҷараёнҳои демократии дар ҷомеа буда, вобаста аст”. Дар идома ин сиёсатмадор таъкид мекунад, ду омил барои сохтани ҷомеаи демократӣ асос бояд қарор гирад: яке иродаи сиёсии давлатдорӣ ва дигаре халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият:
“Агар мисли имрӯз халқ ҳамчун асоси сарчашмаи хокимияти давлатӣ қарор нагирад ва бетараф бошад, агар ҳокимияти давлатӣ фақат ба худкомагӣ амал кунад, ин ҷомеа демократӣ шуда наметавонад”.“ИН РАВАНД МЕТАВОНАД БЕОХИР БОШАД”Дар мавриди вақти ба миён овардани демократия коршиносон назарҳои мухталиф доранд. Андешаи
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегиро метавон баръакси гуфтаҳои Раҳматилло Зоиров шумурд. Ӯ мегуяд, ҳукумат ҷомеи демократӣ сохта истодааст ва ин ҷараён давом дорад. Ӯ мегӯяд, онҳое, ки сохтани ҷомеи демократиро ба 20 сол маҳдуд мекунанд, хато мекунанд, чаро ки сохтани ҷомеаи демократиро ба 20 сол маҳдуд кардан нодуруст аст:
“Ин раванд метавонад аслан беохир бошад, чунки сол ба сол ҷомеаи демократии хислатҳои нав пайдо мекунад, боз озодтар мешавад, боз ҷанбаҳои васеътаре ба назар мерасанд, ки пештар аслан дар ҷомеаи демократӣ сари онҳо суҳбат набуд”. Ӯ аз Амрико мисол меоварад ва мегӯяд: “Онҳо 200 сол пеш демократӣ буданд, лекин то ҳозир ҳамаи масъалаҳои ҷомеаи демократӣ дар Амрико ҳал нашудааст. Масалан, ҷараёни ҷалб шудани сиёҳпӯстон ба ҳокимияти сиёсӣ чӣ қадар давом кард. Масъалаи баробар кардани ҳуқуқи зану мард хам як мушкилоти дигарашон буд. Дар бораи он ки ҳамаи кишрҳои ҷомеа ҳуқуқи баробар дорад, аслан гап нест, чунки ҳеч вақт камбағали амрикоӣ наметавонад, дар борбарӣ ҳуқуқҳои васеъ дошта бошад”.“ХАЁЛИ ХОМ”Таҳлилгарони дигар мегӯянд, худи ҳукумат шавқманд нест, то меъёрҳои демократия дар ҷомеа ниҳодина шавад.
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муътақид аст, дар Тоҷикистон низоми худкома ҳоким аст ва ҳукумат ҳеч гоҳ демократияро намехоҳад, зеро низоми демократӣ маънои онро дорад, ки мардум озодиву ҳуқуқҳои худро соҳиб аст, интихоботи озоду шаффоф асоси ҳокимиятдориро ташкил медиҳад:
“Дар Тоҷикистон чун бо роҳи инқилобу хун сари қудрат омадаанд, бинобар ин иродаи сиёсии бо роҳи интихоботҳои озоду шаффоф интиқол додани қудрат дар онҳо вуҷуд надорад. Онҳое, ки мегӯянд, барои расидан ба демократия тай намудани роҳи тӯлонӣ зарур аст, ин хаёли хоме беш нест. Чун аксари кишварҳое, ки ҷангҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, онҳо дар кӯтоҳтарин муддат ба демокртия расиданд”. Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, Тоҷикистон беҳтарин фурсат барои сохтани ҷомеаи демократиро дар соли 1997 дошт, ки мутаассифона аз даст дод ва ҳоло бошад, “ин режими худкома монеъи баргузории интихоботи шаффофу озод дар Тоҷикистон аст. Монеъи интиқоли қудрат ва ҳукумат бо роҳи осоишта аст, бинобар ин роҳи сулҳомезро намеписандад ва мехоҳад, ки дурудароз бо зӯру фишор болои мардум сари қудрат боқӣ монад”.
ДЕМОКРАТИЯ-ИН ИНТИХОБОТИ БИДУНИ ТАҚАЛЛУБ АСТҶӯра Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик дар ин маврид таъкид мекунад, тарҳи суоли то чанд муддат сохтани ҷомеаи демократӣ нодуруст аст, зеро раванди шакглирии ин ҷараён пешгӯикунанда буда наметавонад. Ӯ муътақид аст, барои сохтани ҷомеаи демократӣ иродаи сиёсӣ зарур аст ва ин иродаи сиёсӣ метавонад
“ба воситаи интихоботҳои шаффофу ошкор ҷомаи амал пӯшад. Аҳзоб ба таври баробар дар интихобот ширкат кунанд, зеро нишонаи асосии демократия ширкати озодонаи мардум дар интихобот мебошад ва шафоф будани интихобот, бидуни тақаллуб шумурдани овозҳо, яъне овозҳои мардумро бе хиёнат ҳисоб кардан асоси интихоботҳои шаффофу демократист”.Алӣ Мастов, низ барои сохтани ҷомеаи демократӣ солҳои тӯлониро зарур намебинад, балки бар ин нукта таъкид мекунад, асоситарин асл барои даст ёфтан ба ҷомеаи демократӣ иродаи сиёсии раҳбари сатҳи аввал мебошад:
“Барои сохтани ҷомеаи демократӣ вақт лозим нест. Мисоли равшан, ҳамаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ба истиснои Белорус шуда метавонанд, ки дар кутоҳмуддат аз сиёсатҳои худкомагӣ даст кашида, ба кишварҳои озоде табдил шуданд. Ин то андозаи зиёде ба сиёсатҳои раҳбари давлат вобастагӣ дорад. Он роҳе, ки ӯ интихоб кард, ҷомеа низ ба ҳамон роҳ меравад. Мутассифона, дар бисёре аз кишварҳо ба хотири надонистани тафовут миёни озодӣ ва зиндагие, ки каси дигар барояш амр кунад, худи ҷомеа сохтори худкомагиро ба демократӣ тарҷеҳ медиҳад. Онҳо намедонанд озодӣ чист, хусусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”.Дар мавриди ин, ки тоҷикон ба демократия омода нестанд, низ назарҳои гуногун вуҷуд доранд, ҷомеашинос
Фирӯз Раҳимов ин нигоҳро як навъ таҳқири миллати тоҷик мешуморад. Вай мегӯяд, онҳое ки ин ҳарфҳоро мегӯянд, худашон аз сохтори демократӣ ҳарос доранд. Он нафаре, ки аз роҳи раъйи мардум сари вазифа омада бошад, чунин андешаронӣ намекунад. Онҳое, ки чунин ақидаро ба миён мегузоранд, ба хулоса расидаанд, ки дар ҳолати демократӣ ва шаффоф гузаштани интихобот баранда нахоҳанд шуд.
С. Шукруллоев
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)