20 сафири тозатаъйин ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома месупоранд
Сафирони тозатаъйини наздик ба 20 кишвари дунё дар Тоҷикистон ҳафтаи равон вориди шаҳри Душанбе мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 16 то 21 ноябри соли равон сафирони тозатаъйини Қирғизистон, Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Мексика, Австралия, Малайзия, Шоҳигарии Дания, Словения, Ирландия, Гана, Шоҳигарии Нидерланд, Португалия, Эстония, Босния ва Гертсеговина, Молдова, Исроил, Зеландияи Нав, Канада, Боливарии Венесуэла вориди Душанбе хоҳанд шуд.
Дафтари матбуоти ВУХ мегӯяд, сафирони нави кишварҳои мазкур бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда, эътимодномаҳои худро месупоранд.